Парӣ рухӣаст арақ карда акси моҳ дар об
Бисоти оина во мекунад нигоҳ дар об
Фиреби хӯрдаи дилгар ба тараф ҷӯ гузарад
Ҳубоб мешаканд гӯшаи кулоҳ дар об
Ҷунун на заҳмат киштӣ кашад на миннати мавҷ
Ба пои шавқи ту во кардаем роҳ дар об
Надид рӯй замини ҷои як дами осоиш
Ҳубоб рафт ва банно кард хонақоҳ дар об
зи муваҷҷаҳи арақи шарми поймоли шудем
Ҳубоби мо натавонад кашида оҳ дар об
Надоди дардисари нохудои ғубори асир
Гузар кунад зи пули мавҷи ин гиёҳ дар об