Май ранги ҳавас дар дили вайрони ман андохт
Зуҳд омаду саҷҷода ба домони ман андохт
Бе миннати меъмор ки дидааст банноӣ
Ин боли ҳумои соя бар айвони ман андохт
Дар чашми ту ҷо дошт тамошои ниҳонам
Сад тири нигоҳи ту змжгони ман андохт
Сармастии савдои ту гӯии зари хуршед
Бар чархи зи як ҳамлаи чавгони ман андохт
Гар шохи гулӣ бе ту дар оғӯш гирифтам
Оҳӣ шуду оташ ба гиребони ман андохт
Шаби дида ба ҳар рахнаи дил дӯхта будам
Мактуби туро субҳ ба зиндони ман андохт
Шаби шавқи асир аз хабари васли расо буд
Шурӣ ба дил аз хоби парешони ман андохт