Танги ғами ту хонаи дил аз ҳаво пар аст
Лаб аз таронаи холӣу гӯш аз наво пар аст
Дар доми шикваи нола шикастан чаҳ лозим аст
Дунёи фароху силсила бисёру ҷо пар аст
Аз хотираши иродаи назора барда ем
Ойӣнаи доғи шӯ ки дил ӯ зи мо пар аст
Ҷӯши баҳори гардиши чашм сиёҳ кист
Сад шишаи гашти холӣу ҷоми ҳаво пар аст
Бе хӯни ман баҳори ситам гул наме кунад
Паймонаам зи шабнами боғи вафо пар аст