Гар шаби васли ту бемаҳтоб бошад беҳтар аст

Дидаи шӯри фалак дар хоб бошад беҳтар аст

Субҳи нои муҳаррам агар дар хоб бошад беҳтар аст

Мавҷ май парвона маҳтоб бошад беҳтар аст

Ҳайрат хомӯшем расвоӣ олам ме кунад

Дил агар дар базм ӯ битоб бошад беҳтар аст

Гиряам боли кабӯтарро ба тӯфон ме диҳад

Қосиди мактуб чун сайлоб бошад беҳтар аст

Шӯрта бе парвост киштиро ба соҳил май барад

Нохудои баҳри дил гирдоб бошад беҳтар аст

Изтироби дили шароби айш май резади асир

Соғари мо чашма симоб бошад беҳтар аст