Ҳар нафаси ҷузви парешони китоб дигар аст

Ҳар хароши синаи байти интихоб дигар аст

Даштро дарё кунад ашки нафаси дуздидагон

Нақш ҳар пое дар ин дарёи ҳубоб дигар аст

Мо фалак сайрем аз мо даврӣ манзил мапурс

Ҷилваи реги равони таъбири хоб дигар аст

То насимӣ ҳаст аз гулзори берун кӣ раванд

Баҳри мисатони буии гули дӯди кабоб дигар аст

То нафасро май шуморади сбҳаҳи реги равон

Дар раҳи дил ҳар қадами пои ҳисоб дигараст ?

Шаш ҷиҳатро аз ғубори ҷилваи ойин баста анд

Заррае ҳар ҷо ки дидам офтоб дигар аст

Гардиши чашми сиёҳашро нишоне ҳаст асир

Ҳар тағофули хандаи ҳозири ҷавоб дигар аст