Оташ задӣ ба лола , изор инчунин хуш аст

Гул гул шудӣ зи бода , баҳор инчунин хуш аст

Бе ӯ тамоми васлам ва бо ӯ тамоми ҳиҷр

Улфати миёни ошиқу ёр инчунин хуш аст

Симоби боҷ май даҳуму бихўдии хароҷ

Сабр инчунин хушасту қарор инчунин хуш аст

Гардиш ба буии гули сабақ ҷилва ме диҳад

Дили сайдгоҳ ӯ ки савор инчунин хуш аст

Сӯфӣ ки манъи бода кашон менамӯд дӯш

Зад чанд давр ва гуфт мадор инчунин хуш аст

Гоҳ аз нигоҳу гуҳи зи тағофули рӯми зи даст

Мастии чунин хушасту хумор инчунин хуш аст

Буии ту аз ғубори самандаш ба бод рафт

эй гули пиёдаи шӯ ки савор инчунин хуш аст

Мастему биқрору асири нигоҳи ёр

Алҳақ нишоти сайру шикор инчунин хуш аст