Дил агар рафт гирифтори тилисм хок аст
Сар агар нест ба ҷо дар сафар фитрок аст
Хӯни мо рехт ки оташ ба ҷаҳон андозад
Шуъларо ҷавҳари шамшери ситам хошок аст
Ҳаст чун киштии раҳмат чаҳ ғам аз баҳри гуноҳ
Ёд аз олӯдагӣам нест дили ман пок аст
Ишқ дар хотири осӯда куҷо ме гунҷад
Садафи гавҳари тобандаи меҳр афлок аст
Бскаҳи чоки ҷигар аз нола руфӯ кард асир
Шуълае каз кафанаш хост гиребон чок аст