Ҳама рӯй замин хатарнок аст
Каҳкашон низ дом афлок аст
Бодаи навашони базми ҳайрат ро
Ҷоми лабрези дида пок аст
Бскаҳи соҳибдилон ғубор шуданд
Хирмани осмони тел хок аст
Ҳар куҷои ишқ нохудо бошад
Киштии Нӯҳи сина чок аст
Ашк ахгар чакад зи дидаи субҳ
Офтобаш ҳануз бибок аст
Об гардад чу обгина гудохт
Дар ду олами ҳисоби дил пок аст
Чора ишқ нест ҷузи таслим
Ҷилваҳо маҳви дида намнокаст ?
Дили назора чун нагардад об
Бистари хоби шуъла хошок аст
Ноз меболад аз гудозу ниёз
Ҷавҳари теғи шуъла хошок аст
Баҳри ҳам арсаи гоҳ ҷавлонӣ аст
Қатра сайдасту мавҷ фитрок аст
Улфати дард бо таҳаммули асир
Ихтилоти шароб ва тирёк аст