Ба гулшании дилам аз дасти боғбон танг аст

Ки ҷои накҳати гули ҳам ба гулистон танг аст

Сухан ба лаъл ки шуд ошно наме донам

Ки дастгоҳи сухан бар суханварон танг аст

Нагаштааст касе аз фиғони ман дилтанг

зи мизбонии сабрами дили фиғон танг аст

Дили шукуфта чаҳ ҷӯям ки ғурбатам ватан аст

Чигуна боли гушойам ки осмон танг аст

зи дасти теғи ту баси кор бар ҷаҳон шуд танг

Либоси захм бар андоми куштагон танг аст

зи бскаҳи пар шуда аз кӣнаам дили олам

зи илтифот батон халқи ошиқон танг аст

Чунин ки пар шуда аз оҳи ман замонаи асир

Хаёли акс дар ойӣнаи гумон танг аст