Ҳастӣу нестии ойӣнаи дидор дил аст

Ду ҷаҳони як шарар аз гармии бозор дил аст

Бештар аз ҳамаи асбоб таҷаммул дорам

Мояи ҳишмати ман ҳасрат бисёр дил аст

Бистари роҳат ман гашта хаёли нигаҳӣ

Хоби осоишам аз дидаи бедор дил аст

Ҳар чаҳ май гӯйӣ аз он коса сияҳ ме ояд

Дастбурдӣ ки набояд зи фалаки кор дил аст

Андалебӣ аст хамӯшӣ ки нафас пардоз аст

Ёди пайкони ту бо ғунчаи гулзор дил аст

Ҳар чаҳ аз хотири мо рафтаи сабақи донеи мост

Сафҳаи содаи мо нусхаи асрор дил аст

Оби ҳайвон ки ба Хизри ӣнҳама миннат дорад

Дарди таҳи ҷуръае аз соғари саршор дил аст

Равшан аз давлати бедори абади чашмати асир

Дили харидори туу дидаи харидор дил аст