Тавфиқи зодаи назари поки ман дил аст

Шамъи чамани фиреби сари хоки ман дил аст

Аз трктози шуълаи қадон беш аз ин мапурс

Чизе ки монда аз хасу хошоки ман дил аст

Боғ манасту чашм манасту чароғи ман

Саҳбои ман пиёлаи ман , токи ман дил аст

Ҳар изтиробаши оинаи ҷон олимӣ аст

Хуршеду моҳу анҷуму афлоки ман дил аст

Ойӣнаи дори ғифлату машшотаи шуъӯр

Эксири содаи лавҳии идроки ман дил аст

Файзи асари дуои саҳари гулшани назар

Сайди муроди дил ( ва ) фитроки ман дил аст

Дунёу охирати нафаси субҳу шом ӯ

Гулшани тарози дидаи намноки ман дил аст

То ёди ёри гулшан андешааст асир

Ойӣнаи дори хотири ғамноки ман дил аст