Он чеҳра ки хуршед ғуломаст кадом аст

Он субҳ ки машшота шомаст кадом аст

Дарюзаи як масаълаи мушкилам ин аст

Тифлӣ ки дар иршод тамомаст кадом аст

эй бодаи кашони матлаби девона саволӣ аст

Он май ки ҳалоласт ва ҳаромаст кадом аст

Сарвӣ ки буд соя ӯ тоҷи сармо

То чанд бипурсед кадомаст кадом аст

Девонаи асири ту саросемаи ҳайрат

Он ҷилва каз ӯ кор ба комаст кадом аст