Дар бар дили туу дили дилбари мост

Ба таманнои ту дил дар бар мост

Хок роҳем сабо ме донад

Ҳар куҷо пой наҳй бар сари мост

Хасм дар бистари гул хоб кунад

Сояи хори ҷафои бистари мост

Базм бе сохтагии рангин тар

Софии ботини мо соғари мост

Айбҷу лол шавад гар донад

Ки сбкрўҳии мо лангари мост

Ба гули афшонии парвози нигар

Шуълаи шавқи ту болу пари мост

Маснад аз вусъат машраб дорем

Бе такаллуфи сари мо афсари мост

Дилат аз гиря сафо ёфт асир

Чашмаи ойӣнаи чашмтар мост