Доими зи таманнои ту дил дар назари мост
Абрӣ ки нам аз шуъла кашад чашмтар мост
Бехотир ошуфта нарафтем ба ҷое
Чун гули дили сад пораи мо болу пари мост
То гирди раҳи гарми равони барқ нажод аст
Аввали қадам аз хеши гузаштани сафари мост
Дар қадар фузудем ба қадари ҳунари хеш
Қадари ҳунари хеш шикастани ҳунари мост
Дерӣаст ки ҳамсояи он рӯз сиёҳем
Умрӣаст ки савдои нигоҳат ба сари мост
Ҳар чанд асир аз қафас озод нигарадем
Парвоз чу дар дил гузарад болу пари мост