Фиғонам аз дили девона гарм аст
Ғубори турбати парвона гарм аст
Ба чашм кам ғуборамро чаҳ бинӣ
Дили саҳро ба ин девона гарм аст
Чаро лаби ташна соғар набошам
Ҳавои гулшани майхона гарм аст
Ба доғ тоза монад сояи гул
Сараш аз гардиши паймона гарм аст
Асир аз тавба ҳам гардид безор
Ҳануз аз мастяши майхона гарм аст