Базми ҳайратро чароғ аз дидаи мо равшан аст

Ончунон каз ашки маҷнӯни чашми саҳро равшан аст

Нохудо донад ки тӯфонаст ӯро сарнавишт

Гар саводаш аз хати як мавҷи дарё равшанаст ?

Бскаҳи завқ диданат дорем баъд аз сӯхтан

Дидаи ойӣнаи ҳам аз суҳбати мо равшан аст

Бозуии Фарҳодро нозам ки шуд хок ва ҳануз

Аз шарори теша ӯ чашми хоро равшан аст