Шамъи рози ман зи симоӣ нагуфтан равшан аст

Изтиробам аз шиква орамидан равшан аст

эй ниқоби оризати дилкаштар аз дидорҳо

Шухии ҳасани ту дар чашм нуҳуфтан равшан аст

Хори хушкамро хаёл шабнамӣ созад баҳор

Ҳиммати дарё ҷавонмардаст бар ман равшан аст

Офтоб безавол бе ниёзии зарра Эй аст

Абр агар гирад фалакро чашми равзан равшан аст

Печу тоби интиқоми дили фаромӯшӣ бас аст

Ҷавҳари шамшери кини мо ба душман равшан аст

Сайри чашмонро бахилони роҳати ҷон хонда анд

Аз насими мо чароғи айши гулшан равшан аст

Ҳар чароғӣ каз ғубори шӯҳрат ҳотам фурухт

Бе ниёзони туро аз боди доман равшан аст

Партави нури чароғи дил ба субҳӣ ме кашад

Шамъ агар Хизраст то ҳангоми мурдан равшан аст

Шишаамро аз гудози кӯра дил сохтанд

Рози санги хора дар ойӣнаи ман равшан аст

Шбчроғи дида бедор дорам чун асир

Аз дили шабҳо фурӯғи гавҳари ман равшан аст