Оҳам аз бас ки оташин аст
Бо нолаи ман асар қарин аст
На ақл ба ман гузошт на дайн
Чашмат ки балои ақл ва дайн аст
Дар мусҳафи оризат ба хӯбӣ
Абрӯии ту оят мубин аст
Он холи сияҳи нигар ки чун мӯр
Дар мазраъи ҳасани хӯша чин аст
Афсӯс ки васли дилбарон ро
Хасмӣ чун ҳиҷр дар камӣн аст
Ҷон мекунамат нисори имшаб
Он нақд ки ҳозираст ин аст
Бегонаи нангу номи гаштам
Хосияти ишқи асир ин аст