Ҳар чанд биҳишт дилнишин аст
Аз кӯии ту як гул замин аст
Чун шукри шикаст дил нагӯям
Сад ганҷ ба зери ин нигин аст
Ишқи ту баҳори як чаман нест
Шавқам ба ҳазор ҷо раҳин аст
Шармандаи миннат ки бошам
Чашми ту киришма офарин аст
Аз сайқали ашки поки байнон
Ойӣнаи осмон замин аст
Омезиши ком бо муҳаббат
Куфраст ки дар либос дайн аст
Ҷуз ҳеҷ надорам орзӯе
Чизе ки асир дорам ин аст