Бо саманди ту магари ма ба гарав тохта аст

Ки зи рафтори фурӯмондау дил бохта аст

Банависед ба сайёди зи хӯни дили ман

Ки гирифтории мурғони қафас сохта аст

Дар гулистон ба чаҳ рӯ чеҳра тавонад гаштан

Гул ки дар пеши ту сад ҷо сипар андохта аст

Кӣ шавад аз ғамати афсурда ки ин синаи гарм

Баҳри мурғи дил аз оташи қафасӣ сохта аст

Гар нагунҷад ба дилами ғайри хаёлат чаҳ аҷаб

Онкии ин оинаро сохта пардохта аст

Баҳри мурғи дилаш аз синаи сад чоки асир

Захми шамшери ту тарҳ қафас андохта аст