Ҳар тарафи боди сабо зон турраи бӯе барда аст

Узви узвамро каманди ҷустуҷӯе барда аст

Бе ниёзии чеҳраи хуршедро сояд ба хок

Шабнами ин боғ бисёр обрӯе барда аст

Як сари мӯ бар танами саргаштагӣ дар кор нест

Ҷустуҷӯӣ ӯ маро ҳар дам ба сӯе барда аст

Гулшани поки эътиқодиро сафоӣ дигар аст

Сояи хораши насиб аз рангу бӯе барда аст

Карда аз чашмаши таманнои нигоҳи гарми асир

То мазори дили чароғи орзӯе барда аст