Девонагар ба дили ғами дунё шимурда аст

Аз мавҷи кӣсаи зари дунё шимурдааст ?

Фарди ҳисобӣ аз дили мо метавон гирифт

Бедахлу харҷи тарки таманно шимурда аст

Нанги ҳисоби дафтари дониш чаро кашад

Девонае ки то пари анқо шимурда аст

Ашк аз ғубори хотири ман дар канори баҳр

Реги равон ба домани саҳро шимурда аст

Девонаи ҳарза дар паии расвоӣ худ аст

Дил аз насиҳатам чаҳ бадӣҳо шимурда аст

Шаби анҷуму сабоҳи гулу лолаи баҳри ту

Ҳар чиз ҳар ки дошта якҷо шимурда аст

Дарёи зи ҷӯши гавҳари розат лаболаб аст

Ҳар ҷо ки мавҷ чун нафаси мо шимурда аст

Девонаи қаламрави саргаштагии асир

Аз санги резаи ақди сурайё шимурда аст