Беҷому шишаи чашми ту хумор бӯда аст

Бенавбаҳор рӯй ту гулзор бӯда аст

Ҷони куштаи шаҳодату дили ташнаи висол

Дар хӯн тапиданӣ чиқадр кор бӯда аст

Дар хоби пои хам шуда бо каъбаи ҳамсафар

Онро ки ҷазбаи ту талабкор бӯда аст

Рӯзӣ ки ҷоми шӯр ба Мансур дода анд

Ҳар кас ба қадари хеш гирифтор бӯда аст

Биҳушем нигар ба чаҳ огоҳе расед

Тавфиқ дар пиёла саршор бӯда аст

Зон ҷангҷӯи шикоят биҷо макун асир

Доими ҷафои азизу вафо хор бӯда аст