Диламро субҳи ид ҷонспорӣ аст
Ки хуршеди марои вақт саворӣ аст
зи бими фитнаи чашми сиёҳӣ
Нигаҳ дар пардаи чашмам ҳисорӣ аст
зи чашм шер дорад ҳалқаи дом
Нигоҳаш гарчи оҳӯӣ шикорӣ аст
Дили девонаи мо сахт ҷонӣ аст
Ки аз Фарҳоду маҷнӯн ёдгорӣ аст
Хаёл куштанам дорад наоне
Тағофули мужда умедворӣ аст
Асири як назар будам ҳамаи умр
Нигоҳ ӯ тилисм дӯстдорӣ аст