Дилӣ дорам ки масти ҷом соқӣ аст

Серуми савдои парасти ном соқӣ аст

Гирифторӣ ба комам чун набошад

Ҳарифони мавҷи соғари дом соқӣ аст

Димоғ аз бидмоғӣ май расонем

Шароби талхи мо дашном соқӣ аст

Ҷудо ҳар зарраеро ме парастем

Магари хуршеди дарди ҷом соқӣ аст

Агар даврӣ буд даврон ҷом аст

Гар айёмӣ хушаст айём соқӣ аст

Сурӯши ошноӣ гӯш кун гӯш

Суроҳеи қосиди пайғом соқӣ аст

Асир аз гиряи мастонаи шодам

Дилам дар сина беором соқӣ аст