Ҷое ки домгоҳи ғизол рамидагӣ аст

Сайёди чораи ваҳшат дар хӯн тапидагӣ аст

Эҳроми тўФи каъбаи дидор баста ем

Дар банди зоду роҳила бӯдан надидагӣ аст

Як дидаи хоби роҳат симобам орзӯаст

Бетоқатӣ ба мазҳаби мо ормидгӣ аст

Кӣ мерасад ба гӯшаи абрӯӣ ӯ ҳилол

Ин дилкашӣ ба зўркмон кашидагӣ аст

Мушкил ки дар қаламрав ҳастӣ ба ҳам расад

Осоишӣ ки дар қадами дил дўидгӣ аст

Ҳаргиз нахондааст муҳаббат шиорем

Бегонае ки як лақабаши нур дидагӣ аст

Ойӣнаи шикаста ба қосид намӯда ам

Як шамаи шикваи дил аз он нур дидагӣ аст