Баҳори умру наврӯз ҷавонӣ аст

Дариғо қаҳти сол шодмонӣ аст

Дилӣ дорам ки ҳеҷаш ёд ман нест

зи баси машғӯли ғамҳои наоне аст

зи файзи ишқи ширини кӯҳкан ро

Шарори тешаи ганҷ хусравоне аст

Талаб кардааст ҷонро аз ман имрӯз

Хаданги он камони абрӯ нишоне аст

Машав эй андалеб аз ғунчаи ғофил

Ки тифлӣ дар камоли хурда доне аст

Асири ишқро дар пеши ҷонон

Куҷои ёроии ҳарф ва ҳамзабонӣ аст