Гирифтори каманди ишқро сайёд ҳоҷат нест

Шаҳиди ханҷари бедодро ҷаллод ҳоҷат нест

Баланди овозагӣ нахлӣаст аз гулзори хомӯшӣ

Гар аз ман башнавад мурғи чамани фарёд ҳоҷат нест

Марои худ шиша дил мехӯрд бар санги нокомӣ

Туро дар мактаби сангини дилии устод ҳоҷат нест

зи таъсир таваккул гаштаам аз халқи мустағнӣ

Маро дар бениёзӣ аз касе имдод ҳоҷат нест

Чу дил дар ҳиҷр мерад ҷон нахоҳад таҳният дар васл

Ки дар иди аҳли мотамро мборкбод ҳоҷат нест

Баҳор омад ки аз файзи ҷунуни гулҳо занам бар сар

Асири ин шӯрро сайри гулу шамшод ҳоҷат нест