Номи дили бурдан ба ғайр аз ёди дилбар ҳеҷ нест

Дидани ойӣнаи ҷузи акси Сикандар ҳеҷ нест

Умр зойеъ карда моро чу авроқи нафас

Гар бигардӣ ғайри як ҳарфи мукаррар ҳеҷ нест

Бе ниёзони олами дигар мусаххар карда анд

Аз ҳумои зери нигин бар сояи пар ҳеҷ нест

Хоб май бинӣ ки дард ошом ҳастӣ гашта Эй

Чашм то во кардае ин нашъа дар сар ҳеҷ нест

Гар садое мекунад кӯс аз тиҳии мағзӣ пар аст

Шавкати овозаи табли Сикандар ҳеҷ нест

Заррае чун шуд ғубори олӯдаи бениш сафӣ аст

Гар шикофади гирд аз осори лашгар ҳеҷ нест

Устихониро ки мебинад дилаш пар ме занад

Аз ҳумо дар олами таҷреди камтар ҳеҷ нест

Рӯзии мӯрии куҷо дар қаҳти ҳиммат кам шавад

Гар набошад донаи ризқи муқаддар ҳеҷ нест

Изтироби шавқи зулфати номаро пар ме диҳад

Пеши парвози дилами боли кабӯтар ҳеҷ нест

Сайри чашмӣ ҳам надорад ӣнқадари молаши асир

Маънии озодагӣ шукраст дигар ҳеҷ нест