Ҳамтемро тарки олами камтар аз тасхир нест

Ишқ бетолеъ кам аз иқбол оламгир нест

Ҳолатӣ дорем бо куфри ҷунуномез хеш

Нолаи ноқавси мо бешӯриш занҷир нест

Каъба ҷӯ гардӣда ам мехоҳам аз сар тай кунам

Роҳи саҳройӣ ки камтар аз дам шамшер нест

Дар дабистонӣ ки ошиқи дарси ҳайрат хонда аст

Гуфтугӯе ҳаст аммо маънӣ ва тафсир нест

Трктозии кӯи ду оламро барандозади зи ҷо

Сафи шикантар аз сипоҳи оҳ бетаъсир нест

Ҳар гуноҳиро ба умед атое ме кунем

Бе гумони лутф бе андозаи як тақсир нест

Чун асар тақсир дорад нест нақси оҳи мо

Гар набошад коргари пайкони гуноҳ тир нест

Гар дили бенишгарии дорӣ тамошо ме кунӣ

Ҳар ду олами беҳтар аз як нола шабгир нест

Гар дилат вайрон шуд аз таъмир маъмураст асир

Олами обод касе бедаҳшат таъмир нест