Ҷузи муроди дилат муродам нест
Дард бо соф эътиқодам нест
Гуфтамаш ваъдаҳои бӯса чаҳ шуд
Кард лаби хандае ки ёдам нест
Дод гирдам ба боди рози ҷунун
Чаҳ кунам бо кас эътимодам нест
Ҳарзаи дардисари дуо чаҳ даҳум
Матлабӣ дар хур муродам нест
Ман куҷои қайди ному нанги куҷо
Сару савдоӣ инқиёдам нест
Дарди дил гӯш мекунад фарёд
Мисраи нолае ба ёдам нест
Ҷон сипорад ба синаам дили асир
Гар нагӯяд ки хона зодам нест