Сабзаи мо кӣ зи барқи хирманӣ андеша дошт

Гар дамид аз оби ҳайвони оташӣ дар реша дошт

Дар шикасти тавбаи кори ъушрат мо шуд дуруст

Осмони моро гирифтори тилисм шиша дошт

Кӯҳкан дар зери бори нанг муздурӣ набӯд

Хунбҳоии сад чу хусрав аз шарор теша дошт

Дӯши зоҳидро чу соғари ихтиёр аз даст рафт

Зон яди Байзо ки май дар остин шиша дошт

Аз нигоҳ гарм фаҳмидам ки бо ман чашм ӯ

Бодаи бади масте дар соғар андеша дошт

Чун кунам бо таънаи душман ки кӯҳи сахти ҷон

Сад ҷароҳат бар дил аз теғи забон теша дошт

Баҳра вар мешуд зи гавҳарҳои назми худ асир

Гар тариқи ин суханвар зон шоир пеша дошт