Гулистонӣ ки ҳавои дил навмед гирифт

Боғбонаши самари пишрс аз бед гирифт

Бодаи улфати саршор қавомӣ дорад

Шабнами гиряи мо доман хуршед гирифт

Ҳалқаи доми гирифтории мо чашми ғизол

Сайди ваҳшат ки ба ӯ улфат ҷовид гирифт

Соғар аз соқии даврон чаҳ гирифтан дорад

Ин тнки ҳавсилаи ҷом аз каф ҷамшед гирифт

Сӯхт дар ишқ батон хиҷлати биҳослим

Оташин гиряам аз гули арақ бед гирифт

Сӯхт парвонаам аз даврӣу аҷрӣ май хост

Ҷой дар базми чироғони шаб ид гирифт

Дили куҷо буд ки хокистари навмидии мо

Роҳ бар серумаи пуркорӣ умед гирифт

Гар зи саҳроӣ ҷунун раст чаҳ ғам дорад асир

Хори ин бодияи теғ аз каф хуршед гирифт