Машқи гудози дили зи нафас метавон гирифт

Буии гулоби шуълаи зи хас метавон гирифт

Занҷирро ба бодаи гарав ме тавон ниҳод

Паймонае зи дасти асас метавон гирифт

Ойӣна бол гашта насим аз ҳавои абр

Сайди парӣ ба доми нафас метавон гирифт

Машраб агар вафоу харобот агар дил аст

Ҷоми муҳаббат аз ҳамаи кас метавон гирифт

Бетоқатӣ ба гӯши асари пунба май наад

Ибрати зи нолаҳои ҷарас метавон гирифт

Пар мезанад тапидани дил то ба осмон

Парвозро ба дому қафас метавон гирифт

Тӯтии сухан шудан агар аз шаҳд машрабӣ аст

Ҳангомае зи ҷӯши ҷарас метавон гирифт

Бематлабӣ агар намак гуфтугӯ шавад

Симурғро зи доми нафас метавон гирифт

Аз хору гул асир бикаш буии навбаҳор

Таълими ишқ аз ҳамаи кас метавон гирифт