Дилам то чанд аз шарми нигоҳӣ музтариб гардад

Ҳамон беҳтар ки пеши додхоҳӣ музтариб гардад

Хушо базмӣ ки аз ҷӯши дили оҳӣ музтариб гардад

Нигоҳӣ музтариб гардад нигоҳӣ музтариб гардад ?

Фсрдни сӯхти хӯни нои умедӣ дар раги ҷонам

Хушо он дил каз умеди нигоҳӣ музтариб гардад

Насаб аз кӯра симоб дорад хотири ошиқ

Бисӯзад ҳар ду оламро чу оҳӣ музтариб гардад

Табибамгар ту бошӣ рӯзу шаб аз дард ме хоҳам

Ки набзи нотавони ман илоҳӣ музтариб гардад

Пушаймонӣ бадал кард онкии кӯҳи сабри мисатон ро

Илоҳӣ музтариб гардад илоҳӣ музтариб гардад