Абаси фузулии ақлам вакил ме гардад
Азизи Мисри ҷунун кӣ залил ме гардад
Хилоф табъ кунанд аҳл дид ойӣнаи вор
Карим аз паии мард бахил ме гардад
Ҳавои шавқи ту лаби тишнагӣ гудохта аст
Шароби дашти ҷунун слсбил ме гардад
Ҳавои танги фазои харобаи дили мост
Таҷаррудӣ ки пар Ҷабраил ме гардад
Саводи хуонеи савдои турра Эй дорам
Баёзи гиря ман равад нил ме гардад
Ниҷобати гуҳар аз чеҳра касе пайдост
Ки дар либоси гадоён асил ме гардад
Ҳуҷуми маҳкамаи ҳеҷ даъвӣон ҳашарӣ аст
Ки чархро сар аз ин қол ва қил ме гардад
Гузаштаем зи даштӣ ки ҳамчуи нақши сароб
Далели ташнаи суроғ далел ме гардад
Махӯр фиреби тамошо ки рафтаи рафта чу субҳ
Ҷамоли шоҳиди дунё ҷамил ме гардад
Мабош ғарра ки хайри касӣрро гоҳе
Хамири мояи зи шар қалил ме гардад
Бибин ба ғунчау гули субҳу шому ҷаҳлу камол
Кушоди кори туро ғам далел ме гардад
Асири ҳаркии таваккули шиори сохт лақаб
Ҷалоли қадари зи лутф ҷалил ме гардад