Буии гул ва рӯй моҳ дорад
Ойӣнаи ҳазор оҳ дорад
Гуфтам ки нигоҳ кун худо ро
Гуфто ки худо нигоҳ дорад
Парвона ва булбулаш дуъогӯаст
Аз шуълау гул сипоҳ дорад
Ҳайрони назора наонаш
Сад узр ба як гуноҳ дорад
Саҳрои дилами ҳазор гулшан
Дар сояи як гиёҳ дорад
Аз дидаи нишони дил тавон ёфт
Ин дайр ба каъба роҳ дорад
Пуркорӣу дилбарӣу шухӣ
Ҳар шева ки пурсӣ оҳ дорад
Шармандаи з кас нашуд дили мо
Шармандагӣ аз гуноҳ дорад
Зуди оина соз мешавад дил
Гар поси нафас нигоҳ дорад
Субҳасту асиру ҳасан маст аст
Аз ғайри худо нигоҳ дорад