Ҳар дил ки ғам ҳамеша дорад
Дар оби ҳаёт реша дорад
Девона ба олимии назари боз
Ҳар зарраи парӣ ба шиша дорад
Бе сӯзи муҳаббатӣ дилӣ нест
То қатра ба шуъла реша дорад
Дар базми ту офтоби гули боз
Оё дили мо чаҳ пеша дорад
Кӯи ҳавсилаи нигоҳи соқӣ
Мастасту ҳз ар пеша дорад
Дар кандан ошёни булбул
Гулбун аз хор теша дорад
Мастӣ ба асир шуд мусаллам
Зини бода ки ӯ ба шиша дорад