Агар зи дарди нишоне буд фиғони ту ро
Шикастагӣ накунад сайди устихони ту ро
Ба роҳи бедилии худ чу акс оина бош
Ки аз ту шавқ кунад ҷустуҷӯи нишони ту ро
Бирав зи хотири парвоз то ба гулзорӣ
Ки дом сабз кунад гирди хӯни чикони ту ро
Зхўиш бигузару саргарми ҷустуҷӯеи гирд
Ки нури дидаи намояди яқини гумони ту ро
Сапанд гиря бисӯзам чу гарми ҷилваи шӯй
Мабод чашми бади ойини гулистони ту ро
Ки дод хандаи рангин ва пургушӯдани шӯх
Баҳори захми дилу булбули гумони туро ?
Ба чашми оинау об эътиборӣ нест
Ҳаё ба дида кашад гирди остони ту ро
Ҳамин басаст ки дрглстони ваҳшати асир
Шимурдааст ғанимати ҷунуни фиғони ту ро