Нест дарвеши онкӣ аз тороҷ иззат бугзарад

Гар гузаштӣ дорад аз малик қаноат бугзарад

Зиндагӣ беишқ яъне донае дар зери хок

Ҳайф аз авқотӣ ки бешуғл муҳаббат бугзарад

Бенавои завқ бахшӣдан намедонад ки чист

Онкӣ дорад бештари умраш ба хиҷлат бугзарад

Парниёни субҳдами як чок пероҳан шавад

Гар зи гулгашти чаман бо ин назокат бугзарад

Аз фиреби гардиши чашми Фсўнсозш ба базм

Соғар аз май нола аз неи дили з улфат бугзарад

Сабзае каз гиряам равед пурқамарӣ шавад

Ҳргаҳ аз боғи назари он сарв қомат бугзарад

Худнамое нест чун имрӯзи фардогар ба ман

Сари зи маҳшар бар надорам то қиёмат бугзарад

Аз хаёли маҳшар инсоф мегардад ғубор

Ҳзм агар мардаст аз ёдаш мурувват бугзарад

Дар чаман дорам хаёл май парастӣ бо асир

Пораи авқоти маҷнӯни ҳам ба ъушрат бугзарад