Офатии вом метавонам кард
Кори дили хом метавонам кард
Сари девонагии саломати бод
Нангро ном метавонам кард
Хондаам сархати гирифторӣ
Хизмати дом метавонам кард
Аз хаёл касе гудохта ам
Бода дар ҷом метавонам кард
Хома бетаъаллуқӣ дорам
Машқи ором метавонам кард
Чашму дилро ба базми васли асир
Ҳасрати ошом метавонам кард