Кӣ зи дил берун кунам дарди таманнои ту ро

Чун тавонам дид холии ҷои ғамҳои ту ро

Гиря то мактуби ашкамро ба саҳро барда аст

Рӯҳ маҷнӯн карда истиқболи расвои ту ро

Дидаам гулдаста май бандади зи умри ҷовдон

Боғбон Хизраст гулзори тамошои ту ро

Сад хиёбони сарв боло мекашад аз дида ам

Дар назар дорам хаёли сарви болои ту ро

Гаштаем аз дидан рӯй ту бихўд чун асир

Чун тавонад дид чашми ман саропои ту ро