Дили рамида ба сад обу тоб май сӯзад
Гуҳии зи сабру гуҳ аз изтироб май сӯзад
Ба хобам омад ва пинҳон зад оташӣ ба дилам
Чароғи бахти асирон ба хоб май сӯзад
Наҳуфта дар бағали мавҷи акс рӯй ту ро
Дилам ба содаи длиҳои об май сӯзад
Агар ҷамоли ту машшота баҳор шавад
зи рашки сояи гули офтоб май сӯзад
Сиёҳи бахтии зоҳиди нигар ба базми шароб
Ки дар биҳишт чу аҳли азоб май сӯзад
зи шуълаи гармӣ беихтиёр ме бинад
Дилам бар оташи рашки кабоб май сӯзад
Навой мурғи чаман гар шавад каломи асир
Гул аз хиҷолати назмаши китоб май сӯзад