Серумае ҳар ҷо ба чашми доғи савдо май кашанд

Муштӣ аз хокистари афсурдаи мо май кашанд

Шабнами тавфиқро сомони абр раҳмат аст

Аҳли дил кӣ интизори музди фардо май кашанд

Поки байнон каз раҳи ғифлат ғубор ангехтанд

Серумаи ибрат ба чашми аҳли дунё май кашанд

Ҷазба Эй доранд даври афтодагон каз ҳар қадам

Хори сад фарсангро аз пои саҳро май кашанд

Аҳли дил каз гиряи оламро гулистон карда анд

Пардаи чашмтарӣ бар рӯй дарё май кашанд

Ҷазба дар кораст агар манзил вагар овораге

Дар биёбони интизори Хизр беҷо май кашанд

Гар шаҳидонаш ба умри ҷовдон розӣ шаванд

Базми рангинӣ ба рӯй Хизру исо май кашанд

Мо асирони муҳаббати сайд дом улфатем

Сӯрати парвози мо бар боли анқо май кашанд

Гули рухон аз бас ки медонанд қадари мо асир

Бори шабнам аз ғубори хотири мо май кашанд