Найранги бодаи рафъ ҳиҷобам наме кунад

Оташи ҷудо чу гавҳар аз обам наме кунад

То ғофил аз хаёл ту шуд доғ ме шавам

Кас чун дили фусурда кабобам наме кунад

Дар ҳиҷру васл мунфаил ҳастӣ худам

Хиҷлати кадоми рӯз харобам наме кунад

Гардӣда мавҷи соғар май сарнавишти ман

Афсуни тавбаи манъ шаробам наме кунад

Бегонагӣаст Хизри биёбони ишқи асир

Лаби ташнаи фиреб саробам наме кунад