Як сарнавишти толеъи мо бехатар набӯд
Моро сиррӣ набӯд агар дард сар набӯд
Бегонаи русуми ду олам бар омадем
Моро биҷузи хаёли ту кор дигар набӯд
Лаби хостам ба шикваи гушойами гузашти умр
Дар аҳди ҷавр ӯ сухан мухтасар набӯд
Рӯзӣ ки мо зи шуълаи хуй ту сӯхтем
Парвонаи сипеҳру чароғ саҳар набӯд
Овардаам хабари зи диёрӣ ки аз ҷунун
Касро дили паёму димоғ хабар набӯд
Пайғомам аз нарафтани қосид ба ӯ расед
Ғмномаҳам шиканҷаи каши нома бар набӯд
Санҷидаи борҳои дилами орому изтироб
Ҳуби ватан ба шухии завқ сафар набӯд
Сайдами раҳин миннати дом ва қафас нашуд
Парвози шавқ дар гарави бол ва пар набӯд
Доғам ки бар наёяд аз он кӣнаи ҷӯи асир
Умеди мо ки аз нигаҳӣ бештар набӯд