Бардае дил аз миёни ойӣна ро
Гуфтае рози ниҳони ойӣна ро
Роздори бизбони муҳаррам тар аст
Кардае хуби имтиҳони ойӣна ро
Акси рухсори туро ҳайрати ниқоб
намекунад ойӣнаи дони ойӣна ро
Пардаи чашми дилам пероҳан аст
Чанд пӯшӣ дар каттони ойӣна ро
Беш аз ин савдо надорад ҳасани шӯх
Дод дарси гулистони ойӣна ро
Як тапидани роз аз дил ҳам бикаш
Карда ҳайрати бизбони ойӣна ро
Аз дил мо мечакад хӯни шикор
Май диҳии тиру камони ойӣна ро
Дар диёри рашк пинҳон ме кунанд
Дӯстон аз дӯстони ойӣна ро
Дил чаҳ матлаб дид аз боли ҳумо
Шуд шикастани устихони ойӣнаро ?
Худнамое карда пеши ёди ту
намедиҳад дили тарҷумони ойӣна ро
Қатраи ошӯби дарё кардан аст
Бо дили мо имтиҳони ойӣна ро
Доғ буд ифшогари ман сӯхтам
Сохтам дар дили ниҳони оина ро
Булбули боғи ҳаёи мижгони шӯх
Карда аз акси ошёни ойӣна ро
Карда бе савдоеи маҷнӯни ту
Барқи ёди душманони ойӣна ро
Дар баҳористон дил дорад асир
Боғи умри ҷовдони ойӣна ро