Булҳаваси лоф муҳаббат зад ва озор кашид
Кӯри дили сӯрати ойӣна ба девор кашид
Шӯри девонагӣами дарси муҳаббати омухт
Корам аз хизмати занҷир ба зуннор кашид
Қатра хӯн шуд ва дар дидаи ҳайрат ҷо кард
Ҳар гулобӣ ки дилам зон гул рухсор кашид
Хоби ширини аҷал ҳам накунад махмураш
Аз лабат ҳар ки май талх ба гуфтор кашид
Дил чу дар сина тапад офат розаст асир
Лаби хомӯшии ту бадномӣ гуфтор кашид