Ошӯб дар қаламрав таркиш надид тир

Мижгони пари фиреб касе офариди тир

Хуш кардаанд тоъати ҳукмаши ситамгарон

Ҳар чанд ӯ кашид камон қад кашид тир

Мактуби рози синаи ошиқи баҷои расонад

Охири зи давлати ту ба ҷое расед тир

Ҳар ҷои камони гӯшаи абрӯ баланд шуд

Рафтам ба пои дида ба ҷое расед тир

Чандон фусун дамид камонат ки бихбр

Таълими ростии зи дил мо шунид тир

Ғофил худо накарда мабодо хато шавад

Дил метапад ба синаи мо чун тапид тир

Дар сина дид маънӣу онҷо ватан гирифт

Чун сайди ваҳшӣ аз дил тангам рамед тир

То ӯ камон кашид дил оҳӣ кашида буд

Шукри худо ки ҳеҷ хатое надид тир

Хоҳам гирифт асири зи дасти фалаки камон

То афканам ба гӯри язиди палиди тир