эй барои дилами саропои ноз
Ним нози туро ҳазор ниёз
Риштаҳои умеди зуди гусал
Умр кӯтаҳ кунад умеди дароз
Сайр дар олам гирифторӣ аст
Бо қафас мекунем мо парвоз
Дили ман бо хаёли рухсорат
Гулшани розу маънии эъҷоз
Бо дили мо чаҳ муддао дорад
Чун напурсӣ зғмзаҳи ғаммоз